Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти сафорати Тоҷикистон дар робита ба видеои тоҷиккушӣ


Танҳо пас аз чаҳор шабонарӯзи пахши навори видеоӣ аз қатли як тоҷик ва як доғистонӣ ба дасти нажодпарастони рус Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин бора изҳорот нашр карда, ин амали инсонбадбинонаро расман маҳкум намуд. Хабари пахши навори мазкур дар аксари расонаҳои бонуфузи ҷаҳон нашр шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.


Аммо ба пурсиши хабарнигорони радиои Озодӣ кормандони дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шарҳи масъала худдорӣ карданд.


Ҳамчунин ҳеч яке аз ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ дар робита ба ҳодиса изҳороти расмӣ пахш накардаанд.


Дар ин байн афроде ки худро муаллифони навор ва намояндагони и Ҳизби натсионал-сотсиалисти Русия ё Нируи Сафед меноманд, дар як нома ҳақиқати наворро тасдиқ карданд ва мегӯянд, бар зидди муҳоҷирони бегона ҷанг эълон кардаву қатли онҳоро идома хоҳанд дод. Ва як мард дар шаҳри Майкопи Русия худро ба милиса таслим карда, мегӯяд, наворро аз шахси номаълуме ба воситаи интернет гирифта, дар шабакаи веблогӣ нашр кардааст. Ин мард рад намекунад, ки аз тарафдорони Ҳизби натсионал-сотсиалисти Русия мебошад.
XS
SM
MD
LG