Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

34 сокини Суғд аз СПИД фавтидаанд


МИ

Маркази мубориза алайҳи СПИД дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар тӯли солҳои ахир сиву чор тан мубталои ангезандаи ин беморӣ дар вилояти Суғд фавтидаанд. Ҳабибулло Мадалиев - муовини сардори маркази мазкур дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт: «Аз соли 2001 ба ин сӯ аз ҷониби маркази мо ду саду панҷоҳу ду нафар сокини вилояти Суғд бо ангезандаи СПИД ба қайд гирифта шудаанд. Аммо дар ин муддат сиву чор нафар аз ин теъдод фавтиданд. Аммо на аз СПИД, балки бисёрашон аз бемории сил, як қисм аз истеъмоли миқдори зиёди нашъа ба воситаи сӯзан ва аз бемориҳои дигар.»

Мутобиқи омори расмӣ дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд ду саду ҳаждаҳ гирифтори ангезандаи СПИД ба сар мебаранд. Бисту чор нафари онҳо дар соли равон ба қайд гирифта шудаанд. Аммо, ба гуфтаи масъулини ин марказ, эҳтимол дорад, теъдоди мубталоёни ангезандаи ин беморӣ дар вилояти Суғд зиёдтар аз омори расмӣ бошад.

Ба гуфтаи масъулини Маркази мазкур, дар ҳоли ҳозир сиву чор тан гирифтори ангезандаи СПИД таҳти назорати табибони ин марказ ва ба тариқи ройгон табобат мегиранд.
Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд танҳо як маркази ташхиси ангезандаи ин беморӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъол ва дар ояндаи наздик ифтитоҳи чунин як марказ дар шаҳри Исфара низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG