Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти раиси шабакаи фурӯшгоҳҳои ОРИМА


ақ

Маъруф Орифов - сарвари ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳоланд бо номи "M&P", ки силсилаи фурӯшгоҳҳои маъруф ба ОРИМА дар шаҳри Душанбе ва Кӯлобро дар ихтиёр дорад, бо ҷурми фасодкорӣ боздошт шудаст.
Боздошт ва таҳти ҳабси муқаддамотӣ қарор гирифтани Орифов аз сӯи ходимони амниятии Тоҷкистон дар ҳафтаи гузашта, рӯзи ҳафтуми август сурат гирифтааст.
Тибқи иттиллои як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон Маъруф Орифов - раиси силсилаи фурӯшгоҳҳои ОРИМА ба ҳангоми додани ришва, ба миқдори махсусан калон ба як ходими амниятӣ боздошт шудааст. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошти Маъруф Орифовро таъйид карданд, аммо аз ироаи ҳарнавъ маъулмот дар ин бора худдорӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки дар дафтари ширкати "M&P" боздошти раиси худ ва иттиҳоми эълонкардаи Кумитаи амнияти миллӣ алайҳи ӯро таъйид карданд. Кормандони ин ширкат гуфтанд, ба ҳангоми бозрасии сифати маводи фурӯшгоҳҳои ОРИМА аз анбори он миқдоре аз маҳсулоти қаннодиву ширӣ ошкор шудаааст, ки мӯҳлати истифодаи онҳо гузаштааст. Аммо ба гуфтаи ҳамин манобеъ ин маҳсулот дар фурӯш гузошта нашуда будааст.
Ширкати муштараки "M&P", ки сӣ дарсади саҳмияҳои он ба як ширкати ҳулландӣ мутааллиқ аст, нахустин фурӯшгоҳи худ дар Душанберо дар соли 1994 фаъол кард.
Дар силсилаи фурӯшгоҳҳои ОРИМА ҳудуди ҳафтсад нафар бо корӣ доимӣ фаро гирифта шудаанд.Ва ин ширкат бар изофаи истифодаи қарзҳои дохилӣ, ҳамчунин тавассути Бонки тавсиа ва тараққиёти Аврупо ба маблағи чаҳор миллиону шашсад ҳазор доллар сармоягузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG