Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳиддин Кабирӣ: «Ҳандбол дубора «зинда» мешавад»


Федеросюни ҳандболи тоҷик соли 2002 барои ба ҳам овардани ҳандболбозони собиқ ва дигарбора «зинда» гардонидани он созмон ёфтааст. Ба гуфтаи Муҳаммадсаид Толибов, муовини президенти Федеросюни ҳандболи Тоҷикистон, феълан дар кишвар 4 дастаи ҳандбол тамрин мекунанд, ки як тими он соли 2005 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ду тими дигар дар мусобиқоти ҷумҳуриявии имсола дар Душанбе ширкат варзидаанд. Вале, ба иллати камбуди маблағ ва пуштибонӣ онҳо натавонистаанд дар мусобиқоти байнунмилалии дигар иштирок намоянд.

Оқои Толибов ҳамчунин гуфт, ҷавонҳое, ки тоза ба дастаи мунтахаби ҳандболи тоҷик пайвастаанд, ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надоранд ва аз эҳтимол дур аст, ки дар рақобат бо ҳандболбозони кишварҳои дигар натиҷаи хубе ҳам ба даст биёваранд: «Чанд муддат лозим аст, то ҷавононро барои ширкат дар мусобиқоти байнулмилалӣ омода кунем. Мактабҳои варзишии мо, ки дар замони Шӯравӣ фаъол буданд, аз кор бозмонданд. Барномаи дарсӣ буд, ки дар сартосари ҷумҳурӣ таълим дода мешуд. Онҳо аз нав барқарор мешаванд. Тиме, ки дар як мусобиқоти байнулмилалӣ Ҷумҳурии исломии Эрон ширкат кард, аз собиқадорони варзиш буд. Барои ҳамин онҳо хуб ҳунарнамоӣ карда тавонистанд».

Сармураббии тими ҳандболи тоҷик Сурайё Имомназарова иллати дигарро дар кам будани сафи мураббиҳо медонад. Хонум Имомназарова мегӯяд, ин навъи варзиш дар замони пойбарҷоии Шӯравии собиқ нуфузи бештар дошт, аммо ҳоло аз назари одамон андаке дур мондааст.

Ин хонум феълан 4 тими ҳандбол ва як гурӯҳи наврасони аз 6- то 9-соларо машқи ин навъи варзиш медиҳад. Сурайё Имомназарова мегӯяд: «Агар шароити хубе муҳайё бошад, албатта, имкон дорем, ки ҳандболро низ ба сатҳи пешинааш боло бубарем. Аммо ҳоло ҳукумат таваҷҷуҳи худро бисёртар барои рушди варзиши таэквандо, каратэ-до, футбол, самбо, дзюдо равона кардааст. Вале ман ба ин назарам, ки бояд дар оянда варзиши гурӯҳӣ, аз ҷумла ҳандбол, волейбол, баскетбол, низ бояд рушд дода шавад ва ин ба нафъи давлат хоҳад буд».

Бо ин ҳама, ки ҳандболи тоҷик дубора эҳё мешаваду гирифтори мушкилиҳое низ ҳаст, тамрини як гурӯҳ ҳандболбозони тоҷик даричаи умедро барои рӯзи оянда боз мекунад. Аммо барои ҳарчи бештар равшанӣ андохтан ба вазъи ҳандболи тоҷик бо Муҳиддин Кабирӣ, президенти Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон, сари суҳбат менишинем ва нахуст аз ӯ мепурсем, ки баҳонаи таъсиси ин федеросюн чи буд ва ҳоло ин навъи варзиш дар чи вазъе қарор дорад?

- Аслан ҳандболи тоҷик падидаи нав нест. Дар замони Шӯравии собиқ тими ҳандолбозони Тоҷикистон тими хеле қавӣ буд ва ҳатто дар мусобиқоти дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекард. Чанд нафар аз ҳандболбозони тоҷик узви дастаи мунтахаби ҳандболи ион кишвари бузург ҳам буданд. Аммо баробари фурӯпошии Шӯравӣ ва оғози даргириҳои солҳои навадум варзиши тоҷик бисёр анвоъи варзиш, аз ҷумла ҳандбол, рӯ ба буҳрон овард. Дар маҷмӯъ, ҳандбол миёни аҳолии маҳалии Тоҷикистон ҳаводорони зиёде надошт. Аксари варзишкорони тими ҳандболи тоҷик русҳо буданд. Як қисми онҳо баъдан Тоҷикистонро тарк карда рафтанд. Чун мо рабте бо ҳандбол, яке аз намудҳои варзиши олимпӣ, доштем, ва дидем, ки он оҳиста-оҳиста аз байн меравад, тасмим гирифтем, ки онро зинда созем. Ҳамин тавр фикри таъсиси Федеросюни ҳандболи тоҷик ба вуҷуд омад. Бо кумаки ҳаводорони ҳандбол федеросюн сабтином шуд. Вале мо аз рӯзи аввал бо мушкили зиёде мувоҷеҳ будем. Пеш аз ҳама, Федератсияи ҳандбол дар Тоҷикистон сарчашмаи молӣ надошт. Мутаассифона, бар хилофи дигар кишварҳо, Тоҷикистон тақрибан ягона кишваре аст, ки бевосита маблағгузории федератсияҳо аз буҷаи кишвар анҷом намешавад. Вале мо тавонистем, ки мутахассисони боқимондаи Шӯравиро ҷамъ оварем ва ба фаъолияти густурда оғоз кунем.

- Яъне ташкили ҳамин федератсиюн ва ба ҳам овардани варзишкорони навъи варзиши ҳандбол дар Тоҷикистон муваффақияти Шумо буд гӯем, хато намекунем. Аммо оё дар ин роҳ мушкилоте ҳам ҳастанд, ки боъис ба монеъи рушди ин навъи варзиш мешаванд?

-Мушкили аслӣ чи аст? Медонед, ин навъи варзиш воқеан ҳам ниёз ба толор дорад, чун онро наметавон дар майдони кушод бозӣ кард. Ҳатман бояд толор бошад. Ҳандбол аз навъҳои варзиши сермасраф аст. Шумо метавонед барои футбол як майдончаро омода кунеду бачаҳо онҷо бозӣ кунанд. Аммо ҳандбол чунин имкониятро надорад...

То ҳол барои тамрин мо толорҳои варзиширо ба иҷора мегирем. Бояд барномаи давлатии кумак ба варзиш бошад ва, ҳадди ақалл, ба федератсияҳо барои машқ кардан ҷой аз ҷониби давлат омода гардад. Вале мо иҷора мегирем, ҳол он ки ин вазифаи давлат аст. Чун мо барномаи хосси варзиш дорем, бидуни фароҳам овардани чунин шароит ба федератсия ва тимҳо ин навъи варзишро наметавонем зинда кунем. Умуман, мушкилиҳо хеле зиёданд. Вале, бо ин ҳама, чун варзишкорон иродаи қавӣ доранд, машқ мекунанду ба мусобиқот омодагӣ мегиранд. Умед дорем, ки дар солҳои наздик ба муваффақиятҳои назаррас хоҳем шуд.

- Ташаккур. Аммо бархӯрди мардум ба ин навъи варзиш чи гуна аст? Аслан, киҳо бештар таваҷҷуҳ доранд, ки ба дастаи ҳандболи тоҷик бипайванданд? Оё ба ҳангоми таъсиси федеросюн муътақид будед, ки одамон ба ин навъи варзиш ҳам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд?

- Ростӣ, бовар надоштем, ки бозии ҳандбол дар миёни ҷавонони тоҷик, бахусус духтарон, маҳбубият пайдо мекунад. Вале, замоне ки ба тамрин дар баъзе толорҳо шурӯъ кардем, сафи ҷавононе, ки мехостанд ба ин навъи варзиш машғул шаванд, хеле зиёд буд. Ҳатто дигар тӯбу тӯри дарвоза намерасид. Ин баёнгари он буд, ки сафи хоҳишмандон кам нест. Фақат, агар мо тавонем, ки толорҳои варзиширо барои онҳо омода кунем, фикр мекунам, сафи дӯстдорони ҳандболи тоҷик зиёд хоҳад шуд...
XS
SM
MD
LG