Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 2 зани гаравгон аз асорати Толибон


Cухангӯи Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ хабари раҳоии ду зани гаравгонро аз асорати толибҳо тасдиқ кард. Имрӯз толибҳо ду зани кореягиро, ки аз 19-уми июл инҷониб дар асорат нигаҳ медоштанд, озод кардаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, раҳбари яке аз қабилаҳои вилояти Ғазнӣ ин ду занро аз дасти толибҳо пазируфта, ба мақомоти маҳаллии Федерасюни байнулмилалии ҳилоли аҳмар ва салиби сурх супурдааст. Сухангӯи Толибон Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ гуфт, раҳоии гаравгонҳои бемор як аломати ҳусни ният мебошад.





19 шаҳрванди дигари Кореяи Ҷанубӣ ҳамоно дар асорати толибҳо мебошанд. Қаблан толибон ба нишони эътироз аз иҷро нашудани талабҳои худ ду нафари ин гаравгонҳо куштаанд. Дар ин байн, нафаре ки худро гаравгони олмонӣ мегӯяд ва низ дар асорати толибҳост. ба ҳукумати Олмон муроҷиат кард, то ба озодии ӯ кӯмак кунад. Ин шахс, ки худро Рудолф Блешмидт меномад, рӯзи 18-уми июл дар Афғонистон рабуда шудааст.
XS
SM
MD
LG