Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурӣ ал-Моликӣ: Роҳи раҳоӣ куҷост?


Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ аз раҳбарони аршади сиёсии кишвараш хост, ки дар як ҳамоиш роҳи раҳоӣ аз бунбасти феълиро пайдо кунанд.


Нурӣ ал-Моликӣ гуфтааст, ин нишасти сарон метавонад рӯзи сешанбе барпо шавад. Гуфта мешавад, баъд аз хурӯҷи вазирони суннимазҳаб ва дунявӣ аз кобинаи давлат ҳукумати шиъии ал-Моликӣ гирифтори буҳрони амиқе шудааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки низомиёни дар Ироқ мустақари ИМА мегӯянд, бо ҳалокати 5 сарбози дигари амрикоӣ шумораи талафоти нерӯҳои Амрико дар Ироқ аз моҳи марти соли 2003, яъне оғози ишғоли ин кишвар, ба 3 690 нафар расидааст. Бо вуҷуди ин, нерӯи низомии амрикоӣ дар Ироқ зидди тундравони суннӣ ва шиъӣ як амалиёти наверо шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG