Пайвандҳои дастрасӣ

Имтиҳони имом-хатибон


13-уми август раванди санҷиши дониши мазҳабӣ ва дунявии имомхатибони шаҳри Душанбе шурӯъ гардид.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Довуд, узви Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабарнигорон изҳор кард, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор кардааст, ки бо ҳадафи баррасии сатҳи дониши мазҳабӣ ва дунявии хатибони масҷидҳои пойтахт ва таъйини салоҳияти онҳо санҷиш доир кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин чанде дигар аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабии кишвар шомили ҳайъати ин кумисюни босалоҳият шудаанд, ки мутааҳҳид гардидаанд, ки ин корро холисона анҷом диҳанд.

Гуфта мешавад, дар ҳоле, ки иқдоми мазкур дар аввал аз сӯи шаҳрдорӣ гирифта шуда ва иҷрои ин амр ба дӯши додситонии Душанбе, идораи дини пойтахт ва Шӯрои улламои кишвар вогузор гардида буд, вале дар ҳайъати кумисюни мазкур намояндагони мақомоти расмӣ танҳо ба ҳайси нозир ширкат меварзидаанд.

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, чунин тағйири мавқеъи шаҳрдорӣ, ки намояндагони он ва додситонӣ дар ҳайъати ин кумисюн ширкат надоранд, ба дунболи танқиди расонаҳо сурат гирифтаааст, ки мақомоти ҳукуматиро дар мудохила ба фаъолияти муассисоти динӣ муттаҳам мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, бар асоси қонуни асосии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо эълом шуда ва мудохилаи давлат ба корҳои динӣ қонуншиканӣ маҳсуб мешавад.

Як тан аз имомхатибон баъди хатми санҷиш гуфт, ки ҳарчанд нозирони ҳукумати шаҳр узви ин Кумисюн нестанд, вале ҳамоно ба ҳайси нозир дар лаҳзаи дилхоҳ метавонанд ба хатибон суоли худро матраҳ кунанд.

Ба ин тартиб нахустин давраи раванди таъйини салоҳияти хатибон ва имомхатибони масоҷиди навоҳии Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур шурӯъ гардид ва қарор аст то 25-уми август дар дигар навоҳии пойтахт низ баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол ҳанӯз ин масъала дақиқ нашудааст, ки санҷиши феълии хатибон саросарист ва ё иқдоми мазкур танҳо фарогири шаҳри Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG