Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 курсии холии ҳукумати Ироқ


Даъвати сарвазири Ироқ ба нишасти сарон дар фазои бӯҳронзадаи сиёсӣ ва авҷи муноқишаҳои гурӯҳиву мазҳабӣ садо дод. Дар ҳоле садо дод, ки ними вазирони ӯ дар ҷаласаҳои ҳукумат ширкат намекунанд. Моҳи гузашта шаш вазир аз Ҷабҳаи тавофуқи сунниҳо ба нишони эътироз аз бетаваҷҷӯҳии ҳукумат ба нигарониҳои худ, истеъфо доданд. Ва ҳафтае пеш панҷ вазири эътилофи дунявии сарвазири собиқ Айёз Алавӣ низ аз ширкат дар кори ҳукумат худдорӣ карданд. Аммо дар даъвати Нурӣ ал Моликӣ изтироби фазои бӯҳронӣ эҳсос нашуда, лаҳни ӯ ором ва шумурда аст.

Моликӣ мегӯяд, бояд ҳама дар якҷоягӣ ҳалли масъалаҳои сиёсиеро пайдо кунанд, ки мӯҷиби машаққати ҳамагон шудаанд. Вай меафзояд ин мулоқот шояд фардо ё баъд аз ду рӯз барпо шавад ва дар он раванди сиёсӣ ва масъалаҳои стратегии эҳёи кишвар баррасӣ шаванд. Сипас бояд ба он нигарист, ки шеваи иҷрои ҳалномаҳои ҳукуматӣ чӣ гуна хоҳад буд.

Вале умқи бӯҳронро номаи яке аз сиёсатмадорони аршади сунниҳо, Аднон Дулаймӣ ифшо кард, ки аз давлатҳои араб даъват кардааст, пеши роҳи ба гуфтаи ӯ, "қатли оми бесобиқа"-и ҷорикардаи шиъаҳоро бигиранд. Вай мегӯяд, "форсҳо" дар садади дастёфт ба назорати комили Бағдоданд ва ба зудӣ ба ҳамаи кишварҳои араби суннии минтақа таҳдид хоҳанд кард. Дулаймӣ хитобидааст, ки давлатҳои араб барои фишор ба Моликӣ, дар роҳи саркӯб кардани ситезаҷӯёни шиъа, аз "таъсири сиёсӣ ва ахлоқии худ" истифода кунанд.

Ҷудоии рӯзафзуни миёни суннӣ ва шиъаҳо танҳо таҳдид ба якпорчагии ҳукумати Ироқ нест. Дар ҷануби кишвар ихтилоф миёни гурӯҳҳои гуногуни шиъа низ дар ҳоли афзоиш аст. Рӯзи шанбе ҳокими вилояти Қадисия, Халил Ҷалил ва сардори полиси ин вилоят Холид Ҳасан аз таркиши як бомбаи сари роҳашон кушта шуданд. Ҳарду аз аҳли шиъа буданд. Ҷалил собиқ раҳбари яке аз ситодҳои шибҳинизомиёни Бадр дар Эрон буд, ки баъд аз бозгашт ба Ироқ Созмони Бадр ном гирифт. Аъзои он дар қатли Ҷалил тарафдорони артиши Маҳдии рӯҳонии шиъа Муқтадо Садрро айбдор мекунанд ва бо вуҷуди раддияи гурӯҳи Садр дар пайи интиқоманд.
XS
SM
MD
LG