Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф ба ҷиргаи сулҳ омад


Имрӯз дар шаҳри Кобул ҷиргаи амнияти минтақаии Афғонистону Покистон ба поён расид, ки дар он 700 нафар аз раҳбарони қабилаҳои мухталифи Афғонистон ва Покистон роҳҳои мубориза бо гурӯҳи ифротгарои Толибон ва аъзои Ал-Қоидаро баррасӣ карданд.


Раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф, ки баъди даъвати дувум ба ин нишаст омад, аз раҳбарони қабилаҳо хост, то барои маҳви террористону тундгароён ба ҳамдигар кумак кунанд.


Дар кори ҷиргаи амнияти минтақаӣ ҳамчунин Ҳомид Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон, ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG