Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонони тоҷик худро «бекас» мешуморанд


Вале Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи ҷавонони назди ҳукумати Тоҷикистон, ба ин гуфта мувофиқ нест ва мегӯяд, ҳукумат бо қабули барномаҳои хос талош дорад, ки шароит ва имкониятҳои хуберо барои ҷавонони кишвар фароҳам созад, то онҳо аз буҳрони бекорӣ ва дигар мушкилиҳои худ раҳо шаванд.

Саидов гуфт, ки ҳоло беш аз 27 ҳазор ҷавони тоҷик ҳамчун бекор номнавис шудаанд, агарчи бар асоси ғайрирасмӣ теъдоди ҷавонони бекор садҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад: «Мутаасифона, худи ҷомеаи Тоҷикистон бо мушкили бекорӣ рӯбарӯст ва дар ин қатор қисми зиёди ҷавонон низ ҳастанд, ки бекор мебошанд. Фикр мекунам, ҳангоми иҷрои барномаи паст кардани камбизоатӣ вазъи ҷавонони кишвар низ беҳтар мешавад ва онҳо соҳиби ҷои кори муносиб низ хоҳанд шуд».

Густариши вируси норасоии масунияти бадан низ аз мушкили умдаи ҷавонони Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳоло дар кишвар бар тибқи омори расмӣ ҳудуди 800 мубталои ин беморӣ сабтином шудаанд, ки беш аз 300 нафари онҳо афроди то 30-сола будаанд.

Ба ин тартиб, Маҳинаи Даврон, як духтари тоҷик, таваҷҷӯҳи ҳукуматро ба ҷавонон нокифоя мехонад. Вай мегӯяд, ҳукумат аз ҷавонон танҳо замони баргузории интихобот ва ё чорабиниҳои бузург ёд мекунад. Ва 15 сол мешавад, ки бештари ҷавонон донишгоҳро хатмнамуда кор намеёбанд: «Ҳамчун як ҷавон пуштибонӣ ва дастгирии ҳукуматро эҳсос намекунам. Чаро? Чунки вақте ҷавонон донишгоҳро хатм мекунанд, ба ҷои он ки дар дохили кишвар кор кунанд, барои мардикорӣ ва тиҷорат ба Русия мераванд. Оё инро дастгирии ҳукумат гуфтан мумкин аст?»

Аммо соҳибназарон бар инанд, ки ҷавонони кишвар аз сиёсат канор меҷӯянд. Ин гурӯҳ муътақиданд, ки даврони бесарусомонӣ ва буҳрони иҷтимоъии солҳои гузашта ба бештари ҷавонони тоҷик таъсири манфӣ доштааст ва эшон ба монанди насли пешин ба мафҳуми меҳанпарастӣ ва ё ақоиди мухталифи идеологӣ ва сиёсат бовар надоранд.

Вале иддае аз ҷавонони тоҷик сабаби густариши фасод дар кишварро дар дур шудани ҷавонон аз сиёсат медонанд. Зеро, ба андешаи онҳо, аслан фасодкорӣ монеи роҳ ёфтани ҷавонон ба дастгоҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шудааст. Далери Ғуфрон, як ҷавони тоҷик мегӯяд: «Масъулияте, ки имрӯз бар дӯши ҳукуматдорони мо аст, фардо ба таври табиӣ ба ӯҳдаи насли ҷавон мегузарад. Аммо беҳтар аст, ки онҳоро аз ҳоло тарбия ва омода созем...»

Раҳбари созмони иҷтимоъии «Ҷавонон ва тамаддун» Абдусамад Султонов мегӯяд, чунин дилшикастагӣ ва рӯҳафтодагии ҷавонон аз сиёсати давлатӣ онҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бурдааст. Вай гароиши ҷавононро ба ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла Ҳизбуттаҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон, пайомади нохуше барои ҳукумати Тоҷикистон медонад: «Феълан ҷавонони тоҷик ба ягон арзиши умумимиллӣ бовар надоранд. Мавҷуд будани як идда мушкилот, аз ҷумла ришватхорӣ, бюрократия ва низоми нодурсти сиёсӣ онҳоро дар чорсӯи зиндагӣ овораву сарсон намудааст. Ҷавонон аслан сабаби гаравидани худро ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ дар он мебинанд, ки ба ин восита онҳо мехоҳанд норозӣ буданашонро алайҳи коррупсия, ҳаннотӣ ва фоҳишагарӣ дар кишвар баён кунанд».

Ҳамчунин маҳдудияти озодии эътиқод мушкили дигари ҷавонони тоҷик будааст. Онҳо мегӯянд, ин ки ҳукумат аз ширкати наврасон дар масоҷид ҷилавгирӣ мекунад, пайомади хубе нахоҳад дошт.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG