Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хитобаи созмонҳои журналистии Тоҷикистон


KA

Як идда созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон, ки тарҳи ислоҳшудаи Кодекси Ҷиноиро як монеаи дигар дар роҳи озодии баён номидаанд, мегӯянд, умедворанд, ки раиси ҷумҳур ин тарҳро ба порлумон бозпас мегардонад.


Моҳи июл порлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии кишвар ислоҳ ворид кард, ки буҳтону туҳмат ва таҳқири афрод дар интернетро ҷиноят арзёбӣ ва барои он то ду соли ҷазо муқаррар кардааст.


Гуфта мешавад, 6 созмони хабарнигорӣ, аз ҷумла Иттиҳоди хабарнигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, дирӯз бо пахши як баёния аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро имзо накунад.
XS
SM
MD
LG