Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи созмонҳои хабарнигорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон


Яке аз муаллифони нома Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, муқаррар намудани ҷазо барои туҳмат ва таҳқир дар интернетро нодуруст мешуморад ва мегӯяд, дар сурати имзо шудани ин қонун аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон давлати Тоҷикистон чанд зинаи дигар аз озодии баён ақиб хоҳад монд.

Дар муроҷиатномаи раҳбарони созмонҳои хабарнигорӣ, ки рӯзи 10-уми августи соли ҷорӣ унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ирсол гардидааст, аз ҷумла, чунин таъкид мешавад: «Ақидаи эҷодгарони қонун, ки интернетро бахши севвуми васоити ахбори умум меҳисобанд, ба Қонуни асосии кишвар, махсусан, моддаи 30-и он, ки озодии баёнро эълом ва сонсурро манъ мекунад, муғойират дорад».

Акбари Саттор мегӯяд: «Маънии изҳороти мо ин аст, ки воқеан ҳам интернет як дастгоҳи идоранашаванда мебошад. Яъне, ҳар кас ва ба ҳар роҳе метавонад дар интернет матлаби худро интишор намояд. Агар Кодекси ҷиноӣ бо шакли кунунияш қабул шавад, он вақт Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳое хоҳад гардид, ки озодии суханро маҳдуд мекунад. Аз ин рӯ аз президенти Тоҷикистон хоҳиш намудем, ки барои қабули тарҳ иҷоза надиҳад».

Аммо мақомоти Тоҷикистон то кунун роҷеъ ба ин муроҷиатномаи рӯзноманигорон вокунише нишон надодаанд ва аз шарҳи бештари мавзӯъ низ худдорӣ варзиданд.

Аз Муҳиддин Кабирӣ, вакили Порлумони Тоҷикистон, ки ҳангоми муҳокимаи тарҳи Кодекси ҷиноӣ ширкат дошт, пурсидам, ки магар қабули ин қонун дигарбора нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ поён намебарад? Оқои Кабирӣ гуфт, ӯ аз аввал мухолифи қабул шудани ин бандҳои Кодекси ҷиноӣ аз ҷониби вакилони мардумии Маҷлиси Намояндагон будааст. Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин афзуд: «Ҳар вакиле, ки барои қабули тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноӣ овоз додааст, ё намедонад, ки Интернет чист ва ё мехоҳад мардуми моро дар ин росто гирифтори мушкилоти бештаре гардонад. Сомонаҳои интернетиро контрол кардан кори саҳл нест. Аммо, бо ин ҳама, дар сурати қабул шудани ин тарҳи Кодекс тақрибан ҳеч яке аз сомонаҳои интернтӣ аз «гунаҳкор» шудан барои таҳқири ин ё он нафар эмин нахоҳанд монд. Дар бисёр сомонаҳо иштибоҳҳое меравад, ки дар оянда метавонад аз ҷониби мақомот ҳамчун туҳмат ва дурӯғбофиву таҳқир дониста шавад».

Қаблан Ҷол Симон, мудири иҷроияи Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), бо пахши як баёнияи расмӣ аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то ҳамаи он бандҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро, ки дар онҳо таҳқиру буҳтон ва паст задани шаъни инсон ҷиноят талаққӣ мешавад, лағв кунад. Вале ин баёнии Ҷол Симон низ то ҳанӯз беҷавоб боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG