Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Қаззофӣ розро бармало кард


Писари раҳбари Либӣ Муаммар Қаззофӣ мегӯяд, парасторони хориҷие, ки ахиран озод шуда, ба Булғористон баргаштанд, дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.


Сайфулислом Қаззофӣ, писари раҳбари Либӣ, гуфт, пизишкони булғорӣ бар асари шиканҷа бо истифода аз барқ ва таҳдид ба пайвандонашон иқрор карда буданд, ки садҳо кӯдакро ба ангали HIV олуда кардаанд.


Панҷ парастори булғорӣ ва як пизишки фаластинӣ 24-уми июл зимни як созиши байни Триполӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба озодӣ баромаданд.
XS
SM
MD
LG