Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Ҷорҷ Буш аз Покистон


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш аз давлати Покистон даъват кард, ҳамзамон бо чораҳои шадиди зидди террористон дар ин кишвар як интихоботи озоду одилона барпо кунад.


Изҳороти Буш баъди он садо дод, ки мақомоти покистонӣ хабарҳои эълони эҳтимолии вазъи фақулодаро дар Покистон рад карданд. Қаблан гуфта мешуд, ки президенти Покистон Парвиз Мушарраф дар садади чунин эълон аст ва интихобот метавонад, ба таъхир афтад.


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, вазъияти Покистон дар суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Амрико Кондолиза Райс ва президенти Покистон Парвиз Мушарраф баррасӣ шудааст.


Ба хабари дигар аз Покистон, ситезаҷӯёни тарафдори Толибон дар Вазиристони Ҷанубӣ 16 узви нирӯҳои амниятии Исломободро рабудаанд ва 10 ошӯбгар дар Вазиристони Шимолӣ дар як ҳамлаи нирӯҳои Покистон тавассути чархболҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG