Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатари қатли гаравгонҳо ҳамоно боқӣ мемонад


Дар ҳоле, ки толибҳои афғон аз 19-уми июл ба ин сӯ 21 шаҳрванди Кореяи Ҷанубиро дар асорат нигаҳ медоранд ва то ҳоло ду нафари онҳоро куштаанд, як сухангӯи ин ҳаракати тундгаро имрӯз хабари онро, ки гӯиё танҳо баъд аз дидор бо дипломатҳои Кореяи Ҷанубӣ рабояндагон дар мавриди гаравгонҳо тасмими ниҳоӣ мегиранд, рад карда буд.


Вале чанд соат пеш ин сухангӯй хабар дод, ки рабояндагон барои нахустин бор бо дипломатҳои Кореяи Ҷанубӣ мулоқоти рӯбарӯ барпо мекунанд.


Қорӣ Муҳаммад Юсуф гуфт, мулоқот дар минтақаи таҳти назорати ҳукумати Афғонистон дар вилояти Ғазнӣ барпо мешавад ва Кобул амнияти музокиракунандагони толибро тазмин кардааст.


Дар ҳамин ҳол, на ҳукумати Афғонистон ва на дипломатҳои Кореяи Ҷанубӣ ин хабарро тасдиқ накардаанд.


Толибон ҳушдор медиҳанд, ки дар ҳоли иҷро нашудани талаби онҳо қатли гаравгонҳоро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG