Пайвандҳои дастрасӣ

«Райком» ба мубориза алайҳи сил баромад?!


Кӯлоб Авоили ҳафтаи равон ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои мубориза бо марази фарогири сил дар минтақа охирин қувваи худро сафарбар кард.

Бар тибқи як амри Абдулло Ҳамидов, раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб, ташкилоту муассисоти сарватманд муваззаф шуданд, ки сарпарастии 150 тан аз 240 маризи силро бар дӯш гиранд.

Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб, мегӯяд, ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар сархатти феҳристи сарпарастони маризони сил меистад.

Оқои Фаррухшоҳ афзуд, сил марази иҷтимоист ва барои аз миёни бардоштани он танҳо кумакҳои доруворӣ аз сӯи созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ кофӣ нест. Ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, муассисоти маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки ба мардумоне, ки аз хонаводаҳои хеле ниёзманд будаанд, кумаки моливу пулӣ, хӯрокворӣ ва либос расонанд.

Ҳукумат дар мавриде ба гирифторони сил дасти ёрӣ дароз кардааст, ки ба иттилоъи коршиносон, марази сил ҳамакнун ба амнияти минтақа таҳдид дорад.

Аҳмади Иброҳим, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, авоили тобистон як ҳайъати бонуфузи ҳукуматӣ бо шумули масъулини Шӯрои амнияти кишвар ба минтақа сафар карда, масъалаи хурӯҷи силро баррасӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳ ин боқӣ мемонад, ки оё тасмимоти ҳукуматдорон дар мавриди комилан маҳв ва ё ҷилавгирӣ кардан аз марази иҷтимоии сил, ба масал, «нӯшдорӯи баъд аз марг»-ро нахоҳад монд?

Зеро имрӯз сил минтақаро онгуна печидааст, ки шумори маризон дар бархе мавзеъ аз саду дусад ва дар бархе навоҳӣ аз ҳазору ду ҳазор болотар рафтааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG