Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони чандгонаи Покистон


Аммо зиреҳпӯшҳои неруҳои амниятии кишвар муассисаҳои муҳими пойтахтро таҳти назорат гирифтанд. Ба иттилоъи нашрияи "Dawn", ҳама кормандони хадамоти кашф ва пулис дар Исломобод ва шаҳри Равадлпиндӣ мутамаркиз шудаанд. Парвиз Мушарраф ба хотири баррасии масоили марбут ба таҳдидҳои дохиливу беруна ба кишвар бо мушовирони аршади худ нишастҳои вижа доир кард.

Моҳҳои ахир хушунат дар Покистон афзоиш ёфт ва ин решаҳои қудрати раисиҷумҳур Парвиз Мушаррафро заъиф намуд. Ҳамла болои масҷиди Лаъли Исломобод дар моҳи гузашта мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар гардид ва ба думболи он сару садоҳо дар мавриди имкони ошӯби ситезаҷӯён алайҳи ҳукумат паҳн шуданд. Мушовири сиёсии муқими Лоҳур Ризвӣ Ҳасан Аскарӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамла ба масҷиди Лаъл нуфузи Мушаррафро миёни мусалмонҳо поён бурд:

"Низоъ дар Лаъл Масҷид гурӯҳҳои исломиро дур кард -- бархе гурӯҳҳои мӯътадил буданд бархе гурӯҳҳои саркаш ва ҷангҷӯ - ҳама барои ҳукумат бегона шуданд. Он омил барои Мушарраф ногувор аст, ки қаблан баъзе гурӯҳҳои исломӣ аз ӯ ҷонибдорӣ мекарданд, акнун қариб ҳамаи онҳо алайҳи ҳукумат бархостаанд."

Моҳҳои ахир вазъ дар манотиқи шимолу ғарби ҳаммарз бо Афғонистон - дар манотиқи қабоилнишин, ки раҳбарони Ал Қоида ва мусаллаҳони Толибон он ҷо панаҳ бурдаанд, низ аз ҳарвақта бештар муташанниҷ гардид. Талоши артиш барои аз ифтротгароён пок кардани ин минтақа ва ба ин васила ором кардани Иёлоти Муттаҳида, ки Исломободро барои талоши нокофӣ дар мубориза бо терроризм танқид мекунад, низ ба даргириҳо дар ин минтақа печид ва то ҳол натиҷае рушане надодааст.

Ҳамзамон Мушарраф дар сабқати шахсӣё бо раиси Додгоҳи Олии Покистон Ифтихор Муҳаммад Чаудрӣ мағлуб шуд. Баъд аз эътирозҳои зиёди мардум Чоудрӣ дар вазифаи худ барқарор гардид.
Сару садоҳо дар мавриди имкони ҷорӣ кардани вазъи изтирорӣ дар Покистон баъд аз он авҷ гирифтанд, ки Парвиз Мушарраф бо далели вазъи нигаронкунандаи амниятӣ дар кишвар аз ширкат дар Ҷиргаи Сулҳ дар Кобул худдорӣ кард. Ҳайати Покистонро дар Ҷиргаи сулҳ сарвазири кишвар Шавкат Азиз сарварӣ мекунад. Дар ин нишаст тақрибан 700 тан аз сарони қабилаҳои Афғонистону Покистон масоили марбут ба мубориза бо терроризм ва аз ҷумла мухолифат бо Толибон ва созмони Ал-Қоидаро баррасӣ мекунанд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар ин нишаст суханронӣ кард ва аз ҷумла гаравгонгирии занҳои кореягӣ аз сӯи Толибонро як амали бесобиқа дар таърихи кишвар хонд. Сарони қабилаҳои Вазиристони Шимолӣ ва ҷанубии Покистон бошанд, бештар эътирози худ дар робита ба эҳёи амалиёти неруҳои ҳукуматӣ дар минтақаро иброз доштанд.
XS
SM
MD
LG