Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи хуруҷи се журналист аз шаҳри Душанбе


Додситонии Душанбе хабарнигорони нашрияи "Овоза"-ро ҳушдор дод, ки бидуни иҷозаи он аз қаламрави пойтахт берун нараванд. Абдуғаффор Ғафуров, муфаттиши додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, тасдиқ кард, ки зимни шикояти овозхони тоҷик Райҳона Раҳимова бар зидди ин хабарнигорон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова то поёни таҳқиқ наметавонанд аз шаҳр хориҷ шаванд.





Аммо Саида Қурбонова, сардабири собиқи «Овоза», мегӯяд, дар матлаби нашрия овозхон на таҳқир, балки фақат танқид шудааст. Вай гуфт: "Дар мақолаи мазкур иқтибос аз як сомонаи интернетӣ оварда шуда буд, ки дар он як суруд аз ҳунарнамоии Райҳона дар Афғонистон ҷой дошт ва ҳар тамошобине, ки ин сурудро дидааст, шарҳи худро навиштааст. Дар ин саҳна Райҳона аз марде дар толор кулоҳашро мепурсид, меъёрҳои забони адабиро риоя намекард."



Дар ҳамин ҳол Абдуғафур Ғафуров, муфаттиши парванда аз додситонии ноҳияи Фирдавсӣ, мегӯяд, дастури манъи хуруҷи бидуни иҷоза аз ҳудуди Душанбе ба хабарнигорон, як чораи ҳуқуқист, ки нисбат ба гумонбарон корбаст мешавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG