Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти муттаҳамон ба куштори афсари рус


Додситонӣ дар Ереван, пойтахти Арманистон ду шаҳрванди ин кишварро барои куштори як афсари рус муттаҳам мекунад.


Лейтенант Дмитрий Ермолов, ки дар Арманистон ба сар мебурд, дар як деҳаи воқеъ дар ҳошияи пойтахти Арманистон аввал ҳами ҳафта ба қатл расид.


Додситонӣ мегӯяд, ки ду шаҳрванди Арманистон мошинеро нигаҳ доштанд, ки дар дохили он 5 сарбози рус нишаста буданд ва ба ҷониби онҳо оташ кушоданд. Инчунин тахмин зада мешавад, ки арманиҳо русҳоро лату кӯб карда баъдан аз аслиҳа истифода кардаанд. Дар натиҷа, як нафар кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG