Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи гази бештар ба аҳолии шаҳри Душанбе


Ширкати гази Тоҷикистон гуфтааст, ҳаҷми интиқоли гази табиъӣ барои сокинони шаҳри Душанберо афзоиш медиҳад.


Чунин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки ҳамакнун танҳо ҳудуди 8- 10 дарсади сокинони пойтахти Тоҷикистон аз истифодаи гази табиъӣ баҳраманданд. Дар ҳоли ҳозир, масрафкунандаи аслии гази табиъӣ дар Душанбе муасссисот ва корхонаҳои саноатӣ ба ҳисоб мераванд.


Тоҷикистон феълан миқдори қобили мулоҳиза гази худро аз Узбакистон дарёфт мекунад. Ва ҳамаруза аз ин кишвар беш аз 1 миллион метрри мукааб газ ба Тоҷикистон ворид мегардад. Тибқи омори ширкати гази Тоҷикистон аз ибтидои сол то кунун Тоҷикистон аз Узбакистон дар маҷмуъ 320 миллион метрии мукааб гази табиъӣ дарёфт намудааст.
XS
SM
MD
LG