Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳсозони чиноӣ вориди Тоҷикистон шуданд


Бино ба иттилоъи Вазорати роҳ ва иртибототи Тоҷикистон, як ҳайати коршиносони чинӣ ба манзури омузиши вазъи роҳи Ваҳдат – Кулоб – Хоруғ- Кулма- Қароқурум вориди ин кишвар шудааст.


Манобеъ аз Вазорати роҳи Тоҷикистон гуфтаанд, баъд аз омузиши вазъи ин шоҳроҳ чиниҳо қасд доранд, дар бозсозии он ширкат варзанд.


Ин шоҳроҳ беш аз 700 километр тӯл дорад ва бар асоси бароварди муқаддамотӣ барои бозсозии он 420 миллион долари амрикоӣ зарур аст.


Дар ҳоли ҳозир, бо кумаки коршиносони чинӣ шоҳроҳи дигари нақлиётии Тоҷикистон шоҳроҳи - Душанбе –Хуҷанд- Бустон - Чанак бозсозӣ мешавад. Бозсозии он моҳи июли соли гузашта оғоз ёфтааст ва ҳазинаи иҷрои он 296 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG