Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Гурҷистону Русия дар Шӯрои амнияти СММ


Раҳбари Шӯрои амнияти СММ гуфт, ки барои ташкили нишасти изтирории ин ниҳод дар мавзӯи иттиҳоми Гурҷистон алайҳи Русия оид ба партоб шудани мушак, шӯрои амният ба иттилои бештар ниёз дорад.


Раҳбари феълии Шӯрои амният Паскал Гаяма, ки табаъаи Ҷумҳурии Конго мебошад, гуфт, аъзои Шӯро қарор карданд, мунтазири факту далели бештар, ба вижа аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкории Аврупо шаванд, то ки шароити ташкили чунин як нишаст фароҳам оварда шавад.


Низомиёни Русия иттиҳомоти Гурҷистонро рад мекунанд, ки мегӯяд, 6 август, як ҳавопаймои русӣ ҳарими ҳавоии Гурҷистонро убур карда дар қаламрави ин кишвар мушак партоб кардааст.
XS
SM
MD
LG