Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё кумаки 2 миллиондолларӣ мушкили осебзадагонро осон хоҳад кард?


МШ

Пас аз омӯзиши минтақаи баъди заминларза тахрибгардидаи ноҳияи Рашт Созмони Милали Муттаҳид аз созмонҳо ва кишварҳои кумаккунанда даъват кард, ки барои рафъ ва барқарор намудани минтақаи осебдида беш аз 2 миллион доллар кумак кунанд.


Дар ҳамин ҳол, генерал-майор Нуралӣ Шоҳназаров, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори родиюи «Озодӣ» ҳаҷми хисороти ворида дар натиҷаи ин заминларзаро беш аз 11 миллион сомонӣ, муодили 3 млн доллар, арзёбӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки аз ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон 200 тонна семент, 110 метри мукааб тахта, 1500 дона тунука, 156 адад хайма, 20 тонна маводди ғизоӣ ва сӯзишворӣ кумак шудааст. Оқои Шоҳназаров ҳамчунин гуфт, ки соҳибони 158 хонаи комилан тахрибшуда пойдевори манозили нави худро рехтаанд. Дар ҳамин ҳол ӯ гуфт: «Ҳарчанд, масалан, Хазинаи Оқохон ба зарардидагон ба андозаи 14740 сомонӣ маводди сохтмонӣ, 7 тонна орд, 340 килограмм равған ва ҳамчунин миқдори зиёди либоси кудакона кумак кардааст, бояд бигӯям, ин ҳанӯз ҳам кам аст».


Заробиддин Сироҷов, намояндаи масъули созмони «Ҳилоли аҳмар» дар ноҳияи Рашт, зикр кард, ки бо вуҷуди аз ҷониби созмони онҳо барои осебзадагон 16 хайма ва ба 120 оила вогузор гардидани маводди зарурии рӯзгор ҳамоно эҳсос мешавад, ки зарардидагони зилзила бештар ба масолеҳи сохтмонӣ ниёз доранд.


Дар ҳамин ҳол, коршиносони сохтмонии маҳаллӣ бар ин назаранд, ки бо 1 тонна семент ва як мошин шағалу реги кумакшуда бунёди манозили мувофиқ ба зист барои бехонумонҳо ғайриимкон аст.
XS
SM
MD
LG