Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мавзӯъи тахриби масоҷид


KA

Ҳукумати пойтахт иддаъои се чеҳраи шинохтаи кишвар ва аз тарафи онҳо мақкум гардидани қарори шаҳрдорӣ дар робита ба масоҷидро беасос ҳисобид.


Баъд аз интишори номаи се чеҳраи шинохтаи сиёсат ва мазҳабии кишвар ба раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба як қарори шаҳрдории Душанбе ҳукумати пойтахт нишасти хабарие доир кард.


Шамсиддин Нуриддинов, раҳбари умури дин дар ҳукумати Душанбе, дар ин нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки то имрӯз дар пойтахт на масоҷид, балки танҳо ҷойҳои ҷамъиятии санади расмӣ надошта ё баста гардиданд ё хароб карда шуданд. Вай ба ин тартиб номаи Тураҷонзода, Ҳимматзода ва Кабириро нодуруст шуморид ва афзуд, дар беш аз ду соли ахир шумораи масоҷиди расман сабтиномшуда аз 29 ба 57 адад расидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар шаҳри Душанбе танҳо 16 масҷиди ҷомеъ ва 41 масҷиди панҷвақта барои фаъолият иҷозаи расмӣ доранд.


Нуриддин Шамсиддинов афзуд: «Дар пойтахт 350 биноҳое буданд, ки ба сурати масҷид ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекарданд, ки қарори раисони навоҳии пойтахтро доштанд. Аммо раиси шаҳр тасмим гирифт, ки ҳамаи инро ба танзим дароварад. Яъне дақиқ бикунад, ки кадоме аз инҳо масҷид ва кадоме аз инҳо ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳастанд».


Дар ҳамин ҳол, Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, бо тахриби ин биноҳо мақомоти шаҳрдории Душанбе аслан мехоҳад монеъи намозгузории гурӯҳӣ ё ҷамоавӣ шавад. Саидумар Ҳусайнӣ аз ҷумла гуфт: «Рӯзе, ки барои қуфл задани масҷиди маҳаллаи мо омаданд, масъулони ҳукумати шаҳр дар даст фармоне надоштанд».


Дар ҳоле ки мавзӯъи тахриби масоҷид дар ҷомеъаи кишвар андешаҳои мухталифро ба бор овардааст, гуфта мешавад, дар шаҳри Душанбе то имрӯз 13 масҷиди панҷвақта тахриб шудааст.
XS
SM
MD
LG