Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳитлер мусиқии русиву яҳудӣ гӯш мекард?


Асарҳои русҳо дар иҷрои яҳудиҳо. Шунаванда: Адолф Ҳитлер

Албомҳои мусиқие, ки аз дафтари кории Адолф Ҳитлер дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳон мусодира шуд, асарҳои оҳангсозони рус ва яҳудиро низ дар худ ҷо дода будааст.

Дар як гузорише, ки дар маҷаллаи олмонии "Дер Шпигел" ин ҳафта ба чоп расид, гуфта мешавад, дар миёни албомҳои Ҳитлер асари "Борис Годунов"-и Мусоргский, ки аз ҷониби овозхони овозадори рус Федор Шаляпин иҷро шудааст, ва инчунин албоми асарҳои Чайковский, дар иҷрои ғижжакнавози маъруфи яҳудии лаҳистонӣ Бронислав Ҳуберман, ошкор шуд.

Режими фашистӣ аз славяниҳову яҳудиҳо ба унвони нажодҳои паст ёд мекард.

Дар миёни маҷмӯаи албомҳои мусиқии Адолф Ҳитлер, инчунин оҳангҳои Рахманинов ва Бородин пайдо шудаанд.
XS
SM
MD
LG