Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даъвои Талко бо РусАл


Талко -- корхонаи воҳиди давлатии алюминюми тоҷик аз дарёфти иҷозаи додгоҳи ҷазоири Вирҷиниёи Бритониё барои бозрасии шикоёти он алайҳи ширкати русии «Русал» хабар додааст.


Корхонаи алюминюми тоҷик «Русал»-ро муттаҳам менамояд, ки аз роҳи тақаллубкорӣ ба он ба андозаи 500 ҳазор доллар хисорот ворид намудааст.


Талко гуфтааст, қасд дорад, пардохти пурраи ин маблағро аз ширкати Русал тақозо намояд.


Ин дар ҳолест, ки «Русал» иттиҳомоти ҷониби Тоҷикистонро беасос медонад ва муддаъист, ки корхонаи алюминюми тоҷик аз он ҳудуди 250 миллион доллар қарздор аст.


Аз ин пеш шикоёти корхонаи алюминюми тоҷик алайҳи бархе аз ниходҳои ширкати «Русал» тавассути яке аз додгоҳҳои Лондон рад шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG