Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти бомуваффақи амрикоиён дар Бағдод


Дар Бағдод дар як амалиёти неруҳои амрикоӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳо дасти кам 30 тан аз ошӯбгароне кушта шуданд, ки, гумон меравад, бо Эрон робита доштанд.


Ба иттилоъи ҳайъати фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ, амалиёти ҷустуҷӯи ошӯбгарон ва анбори силоҳи онҳо дар маҳаллаи шианишини Садр-ситӣ сурат гирифт ва ҳадафи амалиёт аз байн бурдани шабакае буд, ки, гуфта мешавад, ба қочоқи силоҳ аз Эрон машғул буд. Дар пайи ин амалиёт 12 нафар боздошт шуданд.


Қаблан пулиси Ироқ хабар дода буд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ чанд тан аз мардуми осоишта кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG