Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазияи норавшани маҳбусони эронӣ дар Тоҷикистон


Алиризои Ороста, як масъули сафорати Эрон дар Душанбе, дар тавзеҳи ин баёния изҳор кард, ки кордори сафорат борҳо хостори дидору мулоқот бо Мирмаҳдии Мӯсавӣ ва Асади Ҳайдарӣ шудааст, вале онҳо аз ин суҳбат ва ҳамчунин аз дидори сафири Эрон худдорӣ варзидаанд. Гуфта мешавад, эшон ҷонибдори он ҳам набудаанд, ки сафорат ба мушкилашон расидагӣ кунад.

Алиризои Ороста аз ҷумла гуфт: «Мутассифона, асноди ҳувияти онҳо то ҳанӯз ба мо ирсол нашудааст, то дақиқ бидонем, ки ин ҳарду аз атбоъи Эрон ҳастанд. Аммо медонем, фарде бо номи Мирмаҳдии Мусавӣ қаблан дар Эрон ҳам зиндагӣ мекард ва баъд аз шикояти ҳамсараш аз болои ӯ хоки кишварро тарк намудааст. Ба ин нукта дар баёния низ ишора кардем. Ба ҳар ҳол, сафорат дар асоси он вазоифе, ки дорад, мехоҳад ба мушкили ҳардуи ин маҳбусҳо расидагӣ намояд, аммо онҳо зоҳиран тамоюле надоранд, ки сафорат дар кори онҳо мудохила кунад».

Дар ҳамин ҳол Худамон Муборакқадамов, масъули умури фаврии Раёсати корҳои ислоҳии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳанӯз мақомоти кишвар ба натиҷае нарасидаанд, ки Мирмаҳдии Мусавӣ ва Асади Ҳайдариро ба Эрон истирдод бикунанд ё ба онҳо иҷозаи зиндагӣ кардан дар Тоҷикистонро бидиҳанд. Вай муътақид аст, қавонини ҷории кишвар имкон медиҳад, ки ин шаҳрвандони Эрон дар Тоҷикистон ба сар бубаранд. Вале, ба гуфтаи полковник Муборакқадамов, мушкили ин маҳбусони эрониро фақат Додситонии кулл ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ҳукумати кишвар метавонанд ҳаллу фасл намоянд.

Худамон Муборакқадамов афзуд: «Онҳо ба ҳангоми таҷлил аз даҳсолагии рӯзи ваҳдати миллии тоҷикон афв шудаанд. Лекин онҳо баъд аз адои ҷазо намехоҳанд ба ватани худ баргарданд. Масъалаи онҳоро феълан дар Додситонии кулл ва Кумитаи амнияти Тоҷикистон баррасӣ мекунанд ва дар рӯзҳои наздик хулосаҳои худро пешниҳод менамоянд».

Шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Эрон Мирмаҳдии Мӯсавӣ ва Асади Ҳайдарӣ, ки бо ҷурми марзшиканӣ дар зиндони Ёвони вилояти Хатлон маҳбусанд, дар авохири моҳи июл аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Кумиссариати Созмони милал оид ба паноҳандагон хоста буданд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд. Онҳо дар номаи худ аз истирдоди эҳтимолияшон ба Эрон изҳори ташвиш карда, таъкид намудаанд, ки дар Эрон онҳоро шиканҷаи зиёд ё ҳатто қатл таҳдид мекунад.

Ин маҳбусони эронӣ ташвиши худро ба ин далел воқеъӣ мехонанд, ки онҳо аз дини ислом ба масеҳият гаравидаанд ва ин пайомадҳои нохушеро дар Эрон барояшон доштааст. Аммо намояндаи сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, дар ин кишвар баробари пайравони дини мубини ислом пайравони масеҳият низ зиндагӣ мекунанд ва ибодатгоҳҳои худро доранд. Бо ин ҳама, ба номаи ин маҳбусон ҳанӯз аз сӯи намояндагии САҲА дар Тоҷикистон вокунише ба амал наомадааст.
XS
SM
MD
LG