Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро сафари дуввуми сарвазири Ироқро ба Теҳрон "ҳалкунанда" меноманд?


Хабаргузориҳо мегӯянд, ҳадафи асосии сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ аз сафари Эрон ва дидор бо мақомоти эронӣ баррасии масъалаи амният дар Ироқ хоҳад буд. Вале расонаҳои гурӯҳии Эрон менависанд, дар гуфтушунидҳои Теҳрон ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкории миёни ду кишвар баҳс хоҳанд шуд. Моликиро дар ин сафар вазири умури хориҷӣ, вазири нафт ва мушовири амнияти миллии Ироқ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари Моликӣ ба Теҳрон ду рӯз баъд аз ҷаласаи кумитаи муштараки Ироқ, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар Бағдод ба амал омада, дар ҳоле ҷараён мегирад, ки фишор ба ҳукуматаш дар дохили кишвар ва иттиҳомоти Вошингтон нисбати Эрон дар афзоиши кумак ба ошӯбгарони Ироқ ба авҷи худ мерасанд. Аммо Бағдод эълом медорад, ки ду кишвар, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон набояд Ироқро ба саҳнаи мухолифатҳои худ табдил диҳанд. Ройтер ба нақл аз таҳлилгарони сиёсӣ мегӯяд, ҳам Эрон ва ҳам Амрико ба комёбиҳои давлати Моликӣ манфиатдоранд. Эрон хоҳони як ҳамсояи босубот бо давлати шиъа аст ва Амрико ҳам хоҳони он аст, ки бо истиқрори субот дар Ироқ хуруҷи нирӯҳояшро аз ин кишвар тезонад. Худи Моликӣ дар солҳои паноҳандагияш дар Эрон зистааст ва гуфта мешавад, ин факт дар гуфтушуниди миёни ду кишвар нақш хоҳад бозид.

Таҳлилгари умури Ироқ Кетлин Ридолфо мегӯяд, аз аҳли шиъа будани Моликӣ ва пайвандҳои зичи шиъаҳои Ироқ бо Эрон сабаб шудааст, бисёре аз коршиносон бар он андешанд, ки ё ин гуфтушунидҳо хеле амиқ рафтаву корро яксара хоҳанд кард ва равобити ду кишвар шикаст хоҳанд хӯрд ё таҳким хоҳанд ёфт ва ё мавзӯъҳои баҳс сатҳӣ ва умумӣ хоҳанд буд.

Аммо то ҳоло Моликӣ аз тарафдорони сарсахти гуфтушуниди Эрону Амрико дар Бағдод буда, мехоҳад аз Теҳрон заминат гирад, ки на танҳо ин музокирот идома хоҳад кард, балки барномаҳои он амалӣ хоҳанд шуд. Сафари Моликӣ ҳамчунин бо як нишасти дигари марбут ба амнияти Ироқ ҳамзамон афтод. Қарор аст, намояндагони Амрико, Ироқ, Бритониё, Эрон, Туркия ва Урдун дар Димишқ ҷамъ оянд ва масъалаҳои амнияти минтақаро баррасӣ кунанд. Амрико Сурияро айбдор мекунад, ки ошӯбгаронро иҷоза медиҳад, аз хоки он вориди Ироқ шаванд ва инчунин корвонҳои аслиҳа барои шӯришгарони ироқӣ низ гӯё аз Сурия ба Ироқ мерасанд.
XS
SM
MD
LG