Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сарвазири Ироқ ба Теҳрон


Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ имрӯз вориди Теҳрон шуд ва қарор аст, бо мақомоти эронӣ масъалаҳои марбут ба амният дар Ироқро баррасӣ кунад.


Расонаҳои гурӯҳии Эрон менависанд, дар гуфтушунидҳои Теҳрон ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкории миёни ду кишвар баҳс хоҳанд шуд. Моликиро дар ин сафар вазири умури хориҷӣ, вазири нафт ва мушовири амнияти миллии Ироқ ҳамроҳӣ мекунанд.


Сафари Моликӣ ба Теҳрон ду рӯз баъд аз ҷаласаи кумитаи муштараки Ироқ, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар Бағдод ба амал омада, дар ҳоле ҷараён мегирад, ки фишор ба ҳукуматаш дар дохили кишвар ва иттиҳомоти Вошингтон нисбати Эрон дар афзоиши кумак ба ошӯбгарони Ироқ ба авҷи худ мерасанд. Аммо Бағдод эълом медорад, ки ду кишвар, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон набояд Ироқро ба саҳнаи мухолифатҳои худ табдил диҳанд.
XS
SM
MD
LG