Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи коркарди пурраи пахта дар Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишварро ба тасвиб расонид.


Бар асоси ин тарҳ, ки аз суи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шуда буд, бояд то соли 2015 тамоми ҳосили пахтаи Тоҷикистон дар дохил коркард шавад.


Дар ҳоли ҳозир, танҳо ҳудуди 10 дарсади нахи пахтаи Тоҷикистон дар корхонаҳои дохилии ин кишвар коркард мешавад.


Феълан дар Тоҷикистон беш аз 30 корхонаи коркарди аввалияи пахта вуҷуд дорад. Аммо ба назари коршиносон, бидуни бозсозии ин корхонаҳои фарсуда ба роҳ мондани коркарди ниҳоии нахи пахта дар ин корхонаҳо имконнопазир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG