Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Туркия ва Ироқ алайҳи PKK


Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ҳамтои ироқии ӯ Нурӣ ал Маликӣ гуфтанд, ки барои муқобила бо ҳузури гурӯҳҳои шӯришиёни курд дар хоки Ироқ ҳамкорӣ хоҳанд кард.


Эрдуғон гуфт, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки "тамоми талошҳоро барои хатми ҳузури Ҳизби Коргари Курдистон дар Ироқ" равона мекунанд.


Вай афзуд, ду раҳбар як ёддошти тафоҳумро ба имзо расонида инчунин ба тавофуқ расиданд, ки ҳама корҳоро барои анҷом додани қарордоди зиддитеррористӣ ба хотири муқобила бо ҷангиёни курд суръат хоҳанд бахшид.


Дар вақтҳои охир гурӯҳҳои шӯришиёни курд домани пойгоҳҳои худро дар Туркияву шимоли Ироқ тавсеа додаанд.
XS
SM
MD
LG