Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё саг ҳамеша дӯсти одам аст?


sd

Дар тӯли 7 моҳи ахир дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 622 нафарро саг газидааст.


Ба иттилоъи сардухтури маркази вогиршиносии Кӯлоб Саид Давлатов, теъдоди сагҳои дайду ё бесоҳиб дар ин минтақа афзудааст. Бештари мардуми аз дандони саг ҷароҳат бардошта сокинони ноҳияи Данғара будаанд. Омори расмӣ ҳовии он аст, ки танҳо дар ноҳияи Кӯлоб сагҳо 150 нафарро газидаанд.


Ва аммо дар ноҳияи Ҳамадонӣ бештари осебдидаҳо тӯъмаи сагҳои ҳорӣ шудаанд. Ба иттилоъи Асрор Юсуфов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, сагҳои ҳорӣ ё девона 66 нафарро газидаанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, теъдоди сагҳои дайду дар водӣ хеле афзудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба қавли Саид Давлатов, дар 7 моҳи соли гузашта дар водӣ ҳудуди 900 нафар аз ҳамлаи сагҳо ҷароҳат бардоштанд.


Ин дар ҳолест, ки соле муқаддам бар тибқи як қарори ҳукумати вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоби ин вилоят эъдоми сагҳои бесоҳиб шурӯъ шудааст. Бар тибқи дастур сагҳои бесоҳиб дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ заҳролуд мегарданд ва, гузашта аз ин, дар деҳот сагҳои дайдуро мепарронанд.

Сайёфи Мизроб, Кӯлоб.
XS
SM
MD
LG