Пайвандҳои дастрасӣ

13 миллион доллари Ҳиндустон ба Тоҷикистон


RD

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба созиш расиданд, ки бо як кумаки билоивази 13-миллиондолларии Ҳинд нерӯгоҳи барқи обии Варзоб бозсозӣ шавад. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ва Нилекантан Раввӣ, муовини вазири умури хориҷаи Ҳиндустон, вазъи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла дурнамои тақвияти ин ҳамкориҳо, баррасӣ шудааст.


Бино ба ахбори расмӣ, вазъи амниятии минтақа, муборизаи муштарак бо тероризму ифротгароӣ ва густариши ҳамкории ниҳодҳои низомиву интизомии ду кишвар ба ин манзур аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ва муовини вазири умури хориҷаи Ҳиндустон будааст. Ҷонибҳо мизони ин ҳамкорҳоро кофӣ ва натиҷаи онро муфид арзёбӣ карданд.


Дар ҳоле, ки давлати Ҳинд фурудгоҳи низомии Айниро бозсозӣ кардааст, дар ахбори расмии роҷеъ ба мулоқоти имрӯза бо вуҷуди ба идомаи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ таъкид шудан, ҳамоно ишорае ҳам ба масъалаи пойгоҳи низомии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ки расонаҳои ҳинди атрофи он сару садо баланд карда буданд, нашудааст.





Ин ҳам дар ҳолест, ки мизони табодули мол миёни ду кишвар низ афзоиш ёфта ва дар соли гузашта наздик ба 10 миллион долларро ташкил додаст.
XS
SM
MD
LG