Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рабоиши шоҳкорҳо аз осорхонаи Нитса


Афроди мусаллаҳ ва кӯлоҳхӯд ба сар зӯҳри якшанбе, дар рӯзи равшан, ба таври густохона ба осорхонаи Жюл Шерэи шаҳри Нитса, дар ҷануби Фаронса, ҳамла оварда, чаҳор тасвири бебаҳоро ба яғмо бурдаанд.

Ду тасвири рабудашуда -- "Тамсили об" ва "Тамсили замин" ба қалами Ян Брейгел, яке дигар бо номи "Кӯчаи сафедорон дар Мор-сю-Луа" моли Алфред Сислей ва тасвири чаҳорум, мавсум ба "Сахрае дар наздикии Депп", маҳсули қалами наққоши маъруф Клод Моне будаанд. Дуздон қасд доштаанд, як тасвири дигари мутааллиқ ба қалами Алфред Сислейро низ бо худ баранд, вале шояд ба иллати вазнин буданаш онро канор гузоштаанд.

Пулис мегӯяд, раҳзанон ғолибан тибқи фармоиш амал мекарданд, чунки ҳамаи чаҳор тасвири рабудашуда қимати хеле баланд дошта, ба маҳзи тасвирҳои шинохташуда буданашон ҳатто дар бозори сиёҳ ба фурӯш задани онҳо кори саҳл нест. Аз сӯи дигар, ҳамла ба осорхона дар тӯли ҳамагӣ 5 дақиқа анҷом шуда, раҳзанон аз маҳалли ҳодиса тавассути мотосиклҳо фирор кардаанд, ки низ ба амалиёти аз пеш тарҳшуда будани ин дуздӣ таъкид мекунад.
Иттифоқан, соли 1998 тасвирҳои ин бор баяғморафтаи Клод Моне ва Алфред Сислей як дафъа ҳадафи дуздӣ қарор гирифта буданд, вале ҳарду тасвирро як ҳафта баъдаш аз як киштӣ дар яке аз ҳамсояшаҳрҳои Нитса пайдо карданд. Бо ҷурми даст доштан дар он дуздӣ як корманди осорхонаро ба 5 соли зиндон маҳкум карда буданд.

Тасвирҳои гаронбаҳои рассомони маъруф ҳамеша ҳадафи таваҷҷӯҳи вижаи дуздон ва раҳзанон қарор доштааст. Соли 1888 аз осорхонаи Ню-Йорк 18 тасвири гаронбаҳоро, ки арзиши умумии онон дар он замон аз 6 то 10 миллион доллар баровард мешуд, ба яғмо бурданд. Аз ин миён то кунун танҳо 14 тасвирро пайдо кардаанд. Ҳамон сол се маҳсули қалами Винсент ван Гог бо арзиши умумии тақрибан 100 миллион долларро аз осорхонаи Кроллер-Мюллер дар Ҳолланд рабуданд. Тасвирҳои дуздишуда фақат баъд як сол ёфт шуданд.

Арзиши умумии тасвирҳои рабудашуда аз осорхонаи Бостони Амрико дар соли 1990 садҳо миллион доллар ва 20 тасвири дуздишуда аз осорхонаи Винсент ван Гог дар Амстердами Ҳолланд дар соли 1991 ним миллиард доллар ҳисоб шудааст. Аммо ин тасвирҳои ахирро ба зудӣ аз бордони як мошин дар наздикии худи осорхона кашф карданд. 8 тасвири Пабло Пикассо бо қимати умумии тақрибан 60 миллион доллар соли 1998 аз осорхонаи Рум тавассути раҳзанони ниқобпӯш рабуда шуд. Пулис аммо ҳамаи ин тасвирҳоро дар зарфи чанд ҳафта пайдо карда, ба осорхона баргардонид. Охирин мавриди эълоншудаи дуздии наққошиҳои гаронбаҳо, ки дар моҳи апрели соли равон дар Порис иттифоқ афтод, низ ба номи Пикассо рабт мегирад.

Дуздон ду маҳсули дасти Пабло Пикассо бо қимати умумии тақрибан 50 миллион евро, муодили 66 миллион долларро аз манзили духтари ӯ дар пойтахти Фаронса берун оварданд.
Гоҳе тасвирҳои баяғморафта билккул бенишон мешаванд, вале дар бештари мавридҳо пулис дар кашфи дубораи шоҳкориҳои дуздишуда муваффақ будааст. Матбуот дар мавриди дуздии 4 шоҳкории рабудашуда аз осорхонаи Нитса низ изҳори умедворӣ мекунад, ки ин тасвирҳоро пайдо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG