Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди зиндон баъди Гуантанамо


Мусаммир Уроқов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва масъули ин муҳокима, изҳор намуд, ки Муқит Воҳидов ва Рухнуддин Шарифов, сокинони шаҳри Исфара, воқеъ дар шимоли кишвар, дар асоси ду банди қонуни кайфарии кишвар (убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва ҳамчун зархарид дар амалиётҳои Ҳаракати исломии Узбакистон таҳти сарварии Ҷумъаи Намангонӣ ширкат кардан) муттаҳам дониста шуданд.

Ба таъйиди мақомоти тафтишотии Тоҷикистон, ин ду нафар дар соли 2001 ба таври ғайриқонунӣ вориди Афғонистон ва сипас шомили ҳайъати ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон шудаанд. Сипас тавассути нерӯҳои Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори афғон, боздошт ва таслими Эътилофи нерӯҳои байнулмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон гардида, оқибат ба зиндони машҳури Гуантанамо интиқол дода мешаванд.

Волидони онҳо мегӯянд, ки дар соли 2003 тавассути созмони «Салиби сурхи байнулмилалӣ» ғайриинтизор дарак ёфтаанд, ки фарзандони онҳо дар Гуантанамои дур зиндонӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин волидайн, фарзандонашон ҳангоми хайрухуш ба онҳо гуфта буданд, ки барои мардикорӣ ба Русия мераванд.

Ин ду тоҷики зиндонии Гуантанамо дар моҳи марти соли равон баъди раҳоӣ бо мусойидати «Салиби сурхи байнулмилалӣ» ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд. Аммо дар моҳи апрели ҳамин сол нерӯҳои интизомии Тоҷикистон онҳоро дастгир мекунанд ва раёсати тафтишотии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Саидҷон Одинаев, вакили мудофеъи Муқит Воҳидов ва Рухнуддин Шарифов, мегӯяд, ки чун муҳокимаи додгоҳӣ тоза шурӯъ шудааст, ӯ дар робита ба ин парванда чизе гуфта наметавонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Мусаммир Уроқов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, ки дар сурати тасдиқи иттиҳомоти эъломшуда қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ин ду нафар аз 12 то 30 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG