Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон даҳҳо ҳазор гурезаро ихроҷ мекунад


Оҷонсии паноҳандагони СММ гуфт, ки Эрон ҳар ҳафта ҳазорҳо муҳоҷиронро аз қаламрави худ хориҷ мекунад ва мегӯяд, ки чунин иқдом бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ гирифта мешавад.


Дар айни замон, ба қавли СММ, баъди он ки чунин амалкарди мақомоти Эрон бо шумори хеле зиёди муҳоҷирон боиси нигаронӣ шуд, мақомоти ин кишвар шумори афроди хориҷшавандаро коҳиш доданд.


Ҷуди Ченг Ҳопкинс, мушовири комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон зимни боздидаш аз Эрон гуфт, ки шурӯъ аз 21 апрели соли ҷорӣ Теҳрон 160 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии афғонро аз хоки худ берун кардааст.


Дар айни замон, намояндаи ин созмон дар Кобул Салваторе Ломбардо рӯзи 5 июн гуфта буд, ки тайи танҳо якчанд рӯз Эрон ҳудудан 100 ҳазор паноҳандаи афғонро, ки бидуни санад буданд, хориҷ кард.
XS
SM
MD
LG