Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафирони нави Тоҷикистон дар Олмону Миср


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармонҳои тозаи худ дар ду кишвари хориҷӣ сафирони ҷадиди Тоҷикистонро таъйин намудааст.


Мутобиқи фармони ахиран мунташир шудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Имомуддин Сатторов сафири фавқуллода ва томул ихтиёри Тоҷикистон дар ҷумҳурии Олмон таъйин гардидааст.


Бар асоси фармони дигари раисҷумҳури Тоҷикистон, аввалин сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Мисри араб ба фаъолият оғоз менамояд. Нарзуллоҳ Назаров ба ин мақом интисоб гардидааст.


Ҳар ду сафири нав таъйин шуда корманди вазорати корҳои ҳориҷаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Имомуддин Сатторов раҳбарии бахши таҳлил ва омӯзиши роҳбурдии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Нарзуллоҳ Назаров яке аз арабшиносони шинохтаи Тоҷикистон мебошад ва солҳои тӯлонӣ дар аҳди Шӯравӣ дар кишварҳои арабӣ чун мутарҷим ифои вазифа кардааст.
XS
SM
MD
LG