Пайвандҳои дастрасӣ

Паймони Буш ва Карзай бар зидди Толибон


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ва ҳамтои афғонии ӯ Ҳомиди Карзай тааҳҳуд намуданд, ки дар ҷанги зиддитолибон пирӯз хоҳанд шуд.


Раҳбарони Амрикову Афғонистон дар як нишасти матбуотии қароргоҳи Буш дар Кемп Дейвид, ҳошияи Вашингтон дар поёни сафари дурӯзаи Карзай ба Амрико суханронӣ карданд.


Карзай гуфт, ки амалиёти Толибон мардуми мулкиро осеб мерасонад, аммо ба ҳукумати вай таҳдид намекунад. Вай гуфт, ки талошҳои байналмилалӣ ҳаёти ҳазорҳо кӯдаки афғонро наҷот бахшидааст.


Буш гуфт, ки талошашро барои ҷилавгирии Эрон аз тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG