Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуд аз қурбониёни ҳастаии Ҳиросима


Дар Ҳиросимаи Ҷопон маросими ёдбуди 62-умин солгарди ҳамлаи ҳаставӣ болои ин шаҳр баргузор гашт.


Соати ҳашту понздаҳ дақиқаи вақти маҳаллӣ наҷотёфтагон, сокинони Ҳиросима ва намояндагони кишварҳои мухталиф ба ёди қурбониҳои ин ҳамла як дақиқа хомӯш истоданд.


Ҳамлаи ҳаставӣ болои Ҳирошима, ки ба воситаи як ҳавопаймои амрикоӣ амалӣ шуда буд, боиси марги ҳадди ақал 140 ҳазор нафар гардида, ба хатми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ суръат бахшид. Се рӯз баъди ҳамла болои Ҳиросима ИМА болои шаҳри Нагасакӣ бомбаи дигари ҳаставиро партоб намуд, ки дар натиҷаи он 80 ҳазор нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG