Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози издиҳом дар Қандаҳор бар зидди одамрабоии толибҳо


Имрӯз дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон тахминан 300 нафар аз сокинони ин шаҳр дар як намоиши эътирозӣ раҳоии фаврии 21 гаравгони кореягииро талаб карданд. Онҳо рабояндагони толибро айбдор карданд, ки занонро асири худ кардаанд.


Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Сеул сухангӯи президенти Кореяи Ҷанубӣ Чеон Ҳо Сюн гуфт: "Дар мавриди раҳандозии музокироти мустақим ва ё ғайримустақим бо Толибон ҳаминро гуфта метавонам, ки мо аз эҳтиёт кор гирифтаем, то гаравгонҳо азият набинанд."

Дар хабарҳо омадааст, ки рӯзи шанбеи 4-уми август аввалин иртиботи мустақими мансабдорони Кореяи Ҷанубӣ бо яке аз гаравгонҳо барпо шуд. Аммо то ҳоло талошҳо ба раҳоии 21 гаравгон, ки аз 19 июл дар асорати Толибон қарор доранд, натиҷа наовардаанд. Толибон дар ивази раҳоии гаравгонҳо, ки аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд, аз зиндон озод кардани ҳамсафони худро талаб мекунанд. Вале кореягиҳо мегӯянд, иҷрои чунин талаб дар доираи имконияти онҳо нест.
XS
SM
MD
LG