Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон


Дар ин мусобиқот 65 шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд. Аз ҷумла, дар сабқати занон 12 нафар барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ талош меварзанд. Байни онҳо беҳтарин шатранҷбозони кишвар Елена Нуриддинова, қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2006, Саодат Одинаева, Лидия ва Надежда Антоноваҳо, Марворид Насриддинова, Меҳрангез Раҳматова ва Шаҳноза Умарова ҳастанд.

Дар сабқати мардон 53 нафар ширкат доранд. Вале Фаррух Амонатов, қаҳрамони феълии шоҳмоти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад, дар мусобиқоти имсола ширкат намеварзад.
Бинобар ин шатранҷбозони маъруфи кишвар Ҷамшед Исоев, Анвар Назаров, Суҳроб Ҳамдамов ва Рашид Ҳусейнов муддаъиёни аслии унвони қаҳрамонӣ мебошанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон, ки аз нӯҳ давр иборат аст,то рӯзи 14-уми август идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG