Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши занони афғон дар назди бинои СММ


Беш аз 100 зани шавҳаргумкардаи афғонӣ барои мушаххас сохтани шахсияти ҳамсарони худ, ки бовар меравад, дар як қабри дастаҷамъии ахиран кашфшуда гӯр карда шудаанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хостаанд.


Аз ин маҳал чун қабри бузургтарини дастаҷамъии дар Афғонистон кашфшуда ёд мекунанд.


Занҳо дар беруни сохтмони Созмони Милал дар Кобул ҷамъ омада, талаби ба додгоҳ кашонда шудани гунаҳгорони ин кушторҳоро карданд.


Қабри мазкур моҳи июл тақрибан 3 км дуртар аз шаҳри Кобул ошкор шуд. Дар ин маҳал солҳои 1979-1989, замони истилои Шӯравӣ як анбори бузурги аслиҳа вуҷд доштааст.
XS
SM
MD
LG