Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии муттафиқи Ҳизбуллоҳ дар интихоботи Лубнон


Дар Лубнон ҳар ду гурӯҳи масеҳии ширкатдори интихоботи миёндавраӣ шаҳди пирӯзӣ мечашанд.


Рӯзи якшанбе, панҷуми август, дар интихоботи ин кишвар даҳҳо ҳазор нафар иштирок карданд, ки аз нигоҳи нозирон ғолибан сулҳомез гузаштааст.


Интихоботи вилояти Мент бо мағлубияти Амин Ҷумайл, намояндаҳои эътилофи рӯ ба амрикоии ҳукуматӣ анҷом шуд, ҳарчанд оқои Ҷумайл аз эътирофи натиҷаҳои интихобот даст кашид. Дар ин вилоят гурӯҳи масеҳии мухолифин, таҳти раҳбарии Мишел Аоун, ки яке аз муттафиқони Ҳизбуллоҳ мансуб меёбад, бо тафовути андак ғолиб омад.


Интихоботи мазкур метавонад ба сарнавишти сиёсии кишвар таъсир расонад, азбаски вакилони маҷлис дар Лубнон бояд дар моҳҳои оянда раиси ҷумҳурии нави кишварро интихоб кунанд.
XS
SM
MD
LG