Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равил Ғайнуддин афзоиши бегонаситезӣ дар Русияро маҳкум кард


ка

Равил Ғайнуддин, раҳбари Шӯрои Муфтиёни Русия густариши саросарии нажодпарастӣ дар Русияро маҳкум карда ва аз мақомоти ин кишвар хостори муборизаи ҳарчи бештар алайҳи бегонаситезӣ шудааст.
Изҳороти Ғайнуддин дар Маскав пас аз мулоқоти ӯ бо модари як донишҷӯи дар Санкт Петербург кушташудаи тотор садо дод.
Дамир Зайнулини 33- соларо рӯзи 1-уми июл ҳангоми ба кор рафтанаш бо корд зада кушта буданд. Сароғоз мақомоти пулис эълом доштанд, ки куштор як ҷинояти авбошист. Аммо Ҷамъияти тоторҳои Русия пофишорӣ бар он мекард, ки далелҳо гувоҳи ҷанбаи нажодгароёна доштани куштор ҳастанд.
Оқои Ғайнуддин гуфт, тайи як нома ин қазияро ба раисҷумҳур, вазири умури дохила, додситони кул ва губернатори Санкт Петербург Валентина Матвиенко расонидаанд. Вай гуфт, дар ин нома нигаронии амиқи худ дар мавриди густариши идеологияи даҳшатнок на фақат дар Санкт Петербург, балки дар саросари Русияро изҳор доштаанд. Оқои Ғайнуддин ҳамчунин нигарониашро аз бад шудани равобити миёни нажодҳо дар Русия эълом дошт: "Чаро фарзандони миллате, ки алайҳи фашизм ҷангиданду худро аз он ҳифз карданд, худ фашист шуданд? Аз куҷо дар кишвари мо ин идеология зуҳур кард, ки ғайрирусҳо одам нестанд, онҳо набояд дар сарзамини мо зиндагӣ кунанд гуфта, фарзандони моро мекушанд?"

Тайи як изҳорот дар сомонаи расмии Шӯрои Муфтиён, гурӯҳи раҳбарони саршиноси мусалмони Русия бо таассуф зикр шудааст, тадобири гирифташуда баъди марги духтараки 9 солаи тоҷик, Хуршеда Султонова, ки соли 2004 дар Санкт Петербург ба вуқӯъ пайваст, нокофӣ буданд. Моҳи марти соли 2006 додгоҳи Русия ҳашт ҷавонро бо ҷурми авбошӣ ва даст доштан дар куштори Хуршеда Султонова, ки 9 корд ба сандуқи сина, шикам ва дастонаш зада буданд, маҳкум кард.
Эҳтимол дорад мақомоти қазоии Русия ба эътирози нафароне ба монанди Ғайнуддин гӯш кунанд.
XS
SM
MD
LG