Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои мудирони бозорҳои Душанбе


Ба иттилои хабаргузориҳо, бо қарори шаҳрдории Душанбе мудирони бозорҳои асосии пойтахти Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд.


Гуфта мешавад, мудирони бозорҳои "Баракат", "Шоҳмансур", "Саховат", "Деҳқон" ва "Қарияи Боло" барои фаъолияти, ба гуфтаи шаҳрдорӣ, бемасъулиятонаашон, ки сабаби вазъи носолими фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ин бозорҳо шудааст, аз вазифа маҳрум гаштанд.


Ин дар ҳолест, ки дар се ҳафтаи ахир дар ин бозорҳо нархи хӯрокворӣ то 40 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG