Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон: муқовимат шиддат мегирад


Аз ҷануби Афғонистон пас аз як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилофии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабарҳои зиддиҳам мерасанд.


Сардори пулиси Лашкаргоҳ мегӯяд, баъди ҷангҳои шадид ба камияш 20 нафари захмӣ ба шифохонаи вилоят интиқол дода шуд. Вале шоҳиди айнӣ ба родиюи «Афғонистони озод» гуфтааст, танҳо дар бомбаборони як мазор дар ин ҷо даҳҳо нафар кушта шудаанд.


Дар изҳороти Нерӯҳои эътилоф омадааст, ки пас аз итминони набуди ғайринизомиён дар Лашкаргоҳ онҳо як ҷамъомади фармондеҳони толибро бомбаборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG