Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии ҷаҳонии наврасони тоҷик


Ахиран риёзидонҳои навраси тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонии мактаббачагон бо як нишони биринҷӣ ва ду дипломи фахрӣ баргаштанд.


Ин олимпиада ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ҳа-ной, пойтахти Ветнам, баргузор шуда буд. Ба иттилои директори гимназия-интернати тоҷикӣ-русӣ Абдуфаттоҳ Ҳотамов, дар ҷамъбасти натоиҷи олимпиадаи ахири мактаббачагони ҷаҳон намояндаи Тоҷикистон Акбаршо Файзушоев, хонандаи синфи 11-и ин гимназия, барои дарёфти ҷои севум бо медали бронз ё биринҷӣ сарфароз гардид. Шогирди дигари ҳамин мактаб хонандаи синфи 9 Муҳаммадҷон Шоев ва Инъомҷон Шарифов, хатмкунандаи гимназияи тоҷикӣ-туркӣ, барои муваффақиятҳояшон бо дипломҳои фахрии олимпиада мукофотонида шуданд.


Абдуфаттоҳ Ҳотамов ҳамчунин хабар дод, ду қаблан дар Олимпиадаи ҷаҳонии мактаббачагон оид ба химия, ки дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, баргузор шуда буд, аз Тоҷикистон чаҳор нафар иштирок намуданд ва шогирди онҳо Хурсанд Ёров ба дарёфти нишони биринҷӣ муваффақ гардида буд.


Гуфта мешавад, ҳамин моҳ 4 муҳассили дигари тоҷикистонӣ барои нахустин бор дар Олимпиадаи байнулмилалии мактаббагон оид ба барномасозии компютерӣ ширкат хоҳанд варзид, ки аз 15- то 22-вуми август дар Загреби Хорватия доир мегардад.
XS
SM
MD
LG