Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи "ҳубобӣ"-и манзил дар Осиёи Марказӣ


Дар зимн, афзоиши бесобиқаи нархи манзил ахиран на танҳо ба водии Фарғона, балки дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳру рустои Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад, вале ҳукумати ин кишварҳо майли дахолат ба вазоъро надоранд.

Ин нархҳоро таҳлилгарони мавзӯъ "ҳубобӣ" номидаанд. Ва афзоиши онҳоро ба ҷӯшондану дамидани шир. Чунончи, ҳамон хонаи дуҳуҷаргӣ дар шаҳри Уши Қирғизистон агар се сол пеш дуним ҳазор доллар нарх дошт, ҳоло ба 25 ҳазор доллар фурӯхта мешавад, ҳарчанд дар ин се сол на дунё дигар шудаасту ни ин хона. Чинора Қулматова, корманди ширкати саҳҳомии "Мусав"- и Уш мегӯяд, дар ин шаҳри начандон бузург садҳо хонае ҳаст, ки аз 250 то 300 ҳазор доллар қимат доранд ва ин ҳам дар ҳоле ки даромади миёнаи моҳона дар ин ҷо камтар аз сад доллар аст.

Ба гуфтаи Чинора нархи манзил ҳатто дар шаҳрак ва деҳкадаҳо низ то даҳ баробар боло рафтааст. Тақрибан айни манзара дар дигар қисматҳои водии Фарғона, дар Тоҷикистон ва Узбакистон низ ба мушоҳида расидааст. Агар як хонаи дуҳуҷрагӣ дар шаҳри Хуҷанд се сол пеш чор-чоруним ҳазор доллар нарх дошт, ҳоло онро ба 35-40 ҳазор ҳам базӯр харида мешавад.

Ҳамкор деринаи мо дар водии Фарғона, Мирасрори Фарғонӣ, ки муддате дар Тошканду Уш, Фарғонаву Намангон ва Хуҷанду Бишкек зистааст, мегӯяд: "Сабаб пеш аз ҳама дар афзоиши таовни харидорист. Бошандагони водии Фарғона аз мардикорӣ дар Русия садҳо ҳазор доллар ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон мефиристанд. Сониян, баланд шудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар амвол дар ин водӣ низ ба қудрати харидории аҳолӣ афзудааст."

Вале коршиносони дигар ҳамчунин даромади ҳангуфти шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир ва олами ҷиноиро низ яке аз омилҳои муҳими гарон шудани манзил дар минтақа мешуморанд. Сабаби дигарро, пажӯҳишгари Маркази омӯзишҳои амиқи байнулмилалӣ дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вошингтон, Алишер Ҳамидов, дар он мебинад, ки сохтмони манзил аз тарафи давлатҳои минтақа то поёнтарин сатҳ коҳиш ёфта, ширкатҳои давлатии бинокорӣ асосан бо сохтани иморат ва иншооти маъмурӣ, бонку фурӯшгоҳ ё донишкадаҳо машғул буда, ба сохтмони манзил кам эътибор медиҳанд ва ё ин риштаро ба дасти сармоягузорони хориҷӣ додаанд. Дар ин байн сабтиноми шииркатҳои хусусии бинокорӣ хеле мушкил буда, таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои сохтмон бо девонсолорӣ ва ришваталабии мақомоти давлат рӯбарӯ мегардад.

Хулоса, чунин сабабҳои гаронии манзил тазаккур меёбанд:

- Афзоиши аҳолӣ
- зиёд шудани тавони харидорӣ
- даромади қочоқи маводи мухаддир
- коҳиши сохтмони манзил
- монеаҳои таъсиси ширкатҳои хусусии бинокорӣ
- фасоду ришват дар тасдиқи лоиҳаҳои сохтмон
- афзоиши ширкатҳои миёнарав


Аз се кишвар - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон, танҳо ҳукумати Қирғизистон аз ҷаҳиши нархи манзил, ки сабаби ишғоли худсаронаи замин аз тарафи аҳолӣ шудааст, нигарон мебошад. Президент Боқиев дар садади имзои фармонест, ки бояд андози моликияти ғайриманқулро ба маротиб афзоиш диҳад. Мушовирони ӯ мегӯянд, дараҷаҳои нави молиёт, нархҳоро коҳиш хоҳад дод, вале бархе аз коршиносон бар инанд, ки баракс ин андоз низ сарбории нархҳо хоҳад гашт. Ҳамзамон ин коршиносон гуфтаанд, нархҳои осмонӣ дар ниҳояти кор ба афзоиши ширкатҳои бинокорӣ сабаб хоҳад гашт, вале дар ҳоли ҳозир онҳо иқрор кардаанд, ки фақат шоҳиди кафидани замину рӯидани ширкатҳои фурӯши манзил шудаанд. Сарвари яке аз чунин ширкатҳои сердаромад дар Уш, Рифқат Исмоилов мегӯяд, бигзор нархҳо "ҳубобӣ" бошанд, аммо ҳубоб ҳавои холист ва бояд бикафад, дар ҳоле ки дар ду-се соли оянда, "дамидани шир" ҳамоно идома хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG