Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронда шудани довталабони ҳиҷобпӯш аз имтиҳон


Радиои "Озодӣ"

Рӯзи душанбе вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов се довталаби ҳиҷобпӯшро қабл аз имтиҳонсупорӣ аз толори имтиҳоноти факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ берун кард.


Шоҳидони ин ҳодиса гуфтанд, ки дар ҳақиқат пеш аз шурӯъи имтиҳони иншо дар факултаи шарқшиносӣ се духтари ҳиҷобпӯш аз идомаи ширкат дар имтиҳон манъ карда шуданд.


Алишер Ҷӯраев, раиси комиссияи имтиҳоноти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи қавонини ҷорӣ бо сатр ё ҳиҷоб ба толори имтиҳонот ворид шудани довталабон манъ аст.


Ин дар ҳолест, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон либоси ягона барои хонандагони мактабҳои ҳамагониро таҳия ва омода кардааст, ки шурӯъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Аммо барои донишгоҳҳо кадом як либоси ягона муқаррар карда нашудааст.
XS
SM
MD
LG